Бо ташаббуси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба хотири дастгирии сулҳу созиш дар кишвар чорабиниҳо доир мегарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ба ин монанд чорабинии калони идонаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 10 ҳазор сокинону меҳмонон иштирок карданд.
«Дар ин чорабинӣ муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Даврон Зоҳидов, раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров ва дигар фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ ва амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаро, ки амну субот ва шукуфоии Тоҷикистон «табъи дилашон нест», маҳкум карданд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд сафари як гурӯҳ модарони сарбозони вилоят ба навоҳии тобеи марказро созмон дод, ки дар ҷараёни ин вохӯриҳо модарон бо шароити будубоши фарзандон, афсарон ва ҳамхизматони онҳо аз наздик ошно мегарданд.
«Чанде қабл вохӯрии модарони сарбозони вилояти Суғд бо сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расида, онҳо ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт раҳсипор шуданд», - афзуд У.Солеҳов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста