Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халақии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи самбо доир гардид, ки дар он аз 7 шаҳру ноҳия 110 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини аввали Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, роҳбари бахши кор бо ҷавонони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, сардори тиҷорати Раёсати минтақавии ширкати «Мегафон»-Тоҷикистон дар вилояти Суғд Холмат Ҷӯрабоев суханронӣ намуда, ба варзишгарон барор хостанд.
Сипас, варзишгарон давоми рӯз аз рӯи 12 вазн байни ҳам қуввасанҷӣ карданд. Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби гӯштингирони шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷойҳои дуюму сеюмро варзишгарони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен ишғол намуданд. Амир Тошбоев (ш.Хуҷанд) варзишгари беҳтарин, Ҳоҷӣ Ғуфрон Тошбоев (ш.Хуҷанд) мураббии беҳтарин ва Ҷамшед Шониёзов (н.Ҷ.Расулов) довари беҳтарин дониста шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Анвар Ҷалилов ва Насим Маликисломов ба ғолибон медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии КИВ ҲХДТ-ро супориданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста