Дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҳиндустон шоми 3-юми сентябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ва Пранаб Кумар Мукерҷӣ аз мулоқоту музокироти зиёди давоми рӯз суратгирифта ва имзо шудани 12 санади нави ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии ду кишвар изҳори хушӣ карда, онро таконбахши робитаҳои минбаъдаи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва амниятию низомӣ номиданд.
Худи ҳамон рӯз масоили ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар ба таври муфассал дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент - Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) - Палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ду ҷониб ба густриши робитаҳои бештар миёни парлумонҳои ду кишвар ҷиҳати рушди парламентаризми муосир изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ҳамчунин дар Деҳлӣ мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари мухолифин дар Лок Сабҳа (Палатаи мардумӣ) - Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Ҳизби Мардумии Ҳиндустон дар Парлумон Сушма Свараҷ баргузор шуд.
«Ҳиндустон барои мо на танҳо намунаи пешрафти босуръати иқтисодӣ, балки ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои ғании демократӣ ҷозибанок аст»- изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон зимни мулоқоти мазкур.
Мулоқоти судманди дигар доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Ҳиндустон сурат гирифт.
Ба имзо расидани боз 6 санади муҳими дигар миёни сохторҳои масъули давлатии Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни давлатию хусусии Ҳиндустон бозгӯ аз ҳавасмандии амиқи ду ҷониб ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.
Ҳамин тариқ 4 санади муҳими ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop, ширкати таҷҳизоти барқии BHELL, Gemfields, Chadha Power, Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди байналмилалии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ICAF ва Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии “Ходай груп” (Khoday groop) оид ба ҳамкории илмию техникӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ шумораи санадҳои нави имзошуда ба 12 адад расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста