Роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев бар ин назар аст, ки рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд.
«Ҳангоме ки ба ин монанд чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд, онҳо бояд саривақт аз ҷониби сохторҳои дахлдор инъикос гарданд», - гуфт ӯ зимни мизи гирд таҳти унвони «Таҳдидҳои муосир дар соҳаи фазои иттилоотӣ ва нақши ВАО дар Тоҷикистон».
Ба қавли Назриев, маълумоти интишоршуда замони ин рӯйдод дар ВАО, аз ҷумла матбуоти Аврупо асоси воқеӣ надоштанд. «Мо аз он изҳори тааҷҷубу нигаронӣ доштем, ки ба ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад», - қайд кард вай.
Ӯ мутмаин аст, ки ташаббуси пахши маълумот дар ин ҳолатҳо бояд аз ҷониби сохторҳои давлатӣ бештар зоҳир гардад ва маҳз онҳо бояд барои ҷомеа маълумоти заруриро дарҷ созанд.
Назриев мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилот бозомӯзии намояндагони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ зарур аст. «Дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ бояд воҳидҳои кор бо матбуот таъсис дода шуда, бо фаъолияти чашмгири ин ниҳодҳо метавон аҳолиро аз қабули маълумоти носаҳеҳ эмин нигоҳ дошт», - гуфт намояндаи ВКХ ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, Д.Назриев аз фаъолияти «ғайриҳирфаӣ»-и чанде аз рӯзноманигорони ватанӣ изҳори нигаронӣ намуд. «Ман шахсан ба ин гуна амал дучор гардида, маҷбур шудам, ки аз ҳамкории минбаъда бо чанде аз журналистон даст кашам, зеро маълумоти аз ман дастрасшуда нодуруст пешниҳод мегардид», - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «ҳангоме ки журналист ба таҳрифи маълумот даст мезанад, минбаъд сарчашмаи маълумот барои ӯ баста хоҳад буд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста