Дар шаҳри Душанбе зимни гуфтушуниди муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров бо ҳайати Коллеҷи давлатии низомии Ҳиндустон таҳти сарварии контр-адмирал Равиндра Гайквад масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии низомии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот ҳамчунин атрофи табодули таҷриба дар бахши омодасозии кадрҳои низомӣ, иштироки Ҳиндустон дар таҷдиди Донишгоҳи низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.
Ҳайати низомии Ҳиндустон ҳамчунин бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов низ дидору гуфтушунид кард. Дар мулоқот масоили роҳу воситаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста