Дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кардааст, ки ҳафтаҳои наздик Русияву Тоҷикистон ба таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муваффақ хоҳанд шуд.
«Гуфтушунидҳо дар фазои созандаву дӯстона сурат гирифта, ҳар кадоме аз ҷонибҳо мавқеи худро доштанд, вале ба созиш майл намуданд», - гуфтааст вай.
Ба қавли Антонов, ӯ аз натоиҷи сафари дурӯза ба Тоҷикистон қаноатманд аст. «Дар вохӯрии моҳи август 10 масоили созишнома ҳалношуда боқӣ монда буданд, аммо акнун мо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорем», - иброз доштааст Антонов.
Муовини вазири мудофиаи Русия гуфтааст, як гурӯҳи афсарони Вазорати мудофиаи Русия барои идомаи кори таҳияи матни ниҳоии созишнома дар Душанбе боқӣ мемонанд. «Дар ҷараёни гуфтушунид масоили ҳамкории низомӣ ва фаъолияти пойгоҳ пас аз соли 2014 ҳангоми пайдо шудани мушкилот баъди хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилоф аз Афғонистон баррасӣ шуданд», - гуфтааст генерали рус.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид, ки аз намояндагони Вазорати мудофиа, Шӯрои амният, Дастгоҳи президент ва Вазорати корҳои хориҷӣ иборат буд, вазири адлия Рустам Менглиев сарварӣ кард.
Нимаи дуюми имрӯз Антонов ба Маскав баргашт. Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт. Манбаъҳои наздик ба гуфтушунид мегӯянд, ҷонибҳо варианти ниҳоии созишнома дар бораи ҳузури минбаъдаи пойгоҳро, ки пас аз гуфтушунидҳои чандинкарата омода гардид, баррасӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста