Чанде қабл дар Ню-Йорк Иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба кор шурӯъ кард.
Рӯзномаи иҷлосия беш аз 150 масоил, аз ҷумла мусоидат ба рушди устувори кишварҳо, таъмину дастгирии сулҳу амният, риояи реҷаи пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рушди ҳуқуқи байнулмилалиро дар бар мегирад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ раиси иҷлосия, собиқ вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич изҳор дошт, ки тайи 12 моҳи минбаъда масъалаи бо роҳи сулҳу салоҳ танзим ё ҳал намудани баҳсҳои байнулмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад дошт.
Ӯ дарёфти воситаҳои ҳарчи зудтар ҳал гардидани мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва маъюбону аҳолии бумӣ, таҳкими мубориза бо терроризмро таъкид дошта, иброз дошт, ки дар давраи раёсати ӯ конвенсияи фарогиру ҳамаҷониба оид ба терроризм ба тасвиб хоҳад расид. «Маҷмаъи кулли СММ чун пештара дар пешбурду ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муҳим хоҳад дошт», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфт, иштирокчиёни иҷлосияро лозим меояд, ки мушкилоти зиёди таъхирнопазири глобалии марбут ба пешбурди рушди устувор, бекорӣ, афзоиши нобаробарӣ, ташаннуҷ ва таҳаммулнопазирӣ дар саросари ҷаҳонро мӯшикофона бараасӣ намоянд.
Пан Ги Мун аз пешниҳоди раиси иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ бобати дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштани масъалаи бо роҳи сулҳу салоҳ танзим ё ҳал намудани баҳсҳои байнулмилалӣ истиқбол намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста