Сарфи назар аз тахмину фарзияҳои ҳарифони дохиливу хориҷӣ, ки ба иллати вазъи мушкили иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ сафари сарвари давлатро ба ВМКБ ғайриимкон медонистанд, ин боздид ба вуқӯъ пайваста, ба аксари суолҳои нуқта гузошт, - мегӯяд муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров.
Ба андешаи ӯ, зимни мулоқотҳои озод ва ошкоргӯӣ бо сокинони вилоят сарвари давлати Тоҷикистон бори навбатӣ собит намуд, ки «президенти мардумӣ буда, ба хирадмандии халқи худ такя мекунад».
«Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қотеъона изҳор кард, ки дар масоили таъмини суботу амнияти ҷомеа ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳеҷ гузаште нахоҳад кард», - таъкид кард коршинос.
Ғайр аз ин, ба ақидаи Сафаров, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ҷомеаи ҷаҳониро, ки бо нигаронӣ рӯйдодҳои Хоруғро пайгирӣ дошт, бояд орому осуда намояд.
«Дар ниҳояти кор, боздиди сарвари давлат сарусадоҳо дар чанде аз доираҳои кишварҳои хориҷӣ бобати таҳти назорати ҳукумат қарор надоштани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ботил сохт», - иброз дошт муовини раиси МТС.
Сафаров мегӯяд, дар ҷараёни сафар Э.Раҳмон ба тамоми суолҳои ҳарифони худ дар бораи таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир насохтан ба ин минтақа посух гуфт. «Бо таҳлили фарогиру ҳамаҷониба президент собит намуд, ки дар муқоиса бо дигар манотиқи кишвар ҳукумат ба ҳалли мушкилоти Бадахшон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд», - мутмаин аст Сафаров.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит, сафари президент ба ВМКБ ба аксари суолҳои пайдошуда баъди амалиёти низомӣ дар Хоруғ, ки ба фавти аҳолии осоишта оварда расонид, посух нагуфт.
«Ҳолати рӯҳии сокинони Хоруғро, ки муддати ду моҳ дар иҳотаи ҳудуди гурӯҳи 4 ҳазорнафараи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор доранд, метавон дарк намуд: онҳо доир ба мушкилоти ташвишовари худ суол дода натавонистанд», - мегӯяд М.Ҳаит.
Ба қавли муовини раиси ҲНИТ, сафари президент ба ВМКБ ба ӯ «бозии як актёр дар ҳузури аудиторияи сершумор»-ро хотиррасон намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста