Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2012 дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Литва Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Афғонистон ва минтақа: муносибати амалӣ бо мақсади рушди босубот” баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва Қозидавлат Қоимдодов дар чорабинии мазкур иштирок намуда, бо маърӯза таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ - калиди истиқрор ва шукуфоии Афғонистон» баромад кард.
Дар суханронии худ ҷониби Тоҷикистон сатҳи баланди эътимод ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин саҳми Тоҷикистонро дар ҷалб намудани Афғонистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намуда, аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳоро, ки дар ҷараёни Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минқавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V, 26-27 марти соли 2012, ш. Душанбе) баррасӣ шуданд, қайд намуд.
Дар Конфронси Вилнюс намояндагони олирутба аз 20 кишвари дунё ва 10 Созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста