Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Ҳунбо мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтомоии СММ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар ояндаи наздик муҳокима шуданд. Мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории судманд дар пеш бурдани “рӯзномаи об”-и СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқ гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор анҷом доданд. Бояд ёдовар шуд, ки бино бар қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, ки муаллифаш Тоҷикистон мебошад, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудааст. Муовини Дабири кулли СММ иқдомҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои об бамаврид ва мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои мусоидат ва пуштибонӣ дар татбиқи Соли байналимилали ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста