Бо даъвати сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 5-уми октябр президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
«Дар ҷараёни музокирот сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон доираи фарохи масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду савдо, амнияту робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар иттиҳоду созмонҳои ҳамгироӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, атрофи вазъи минтақаву ҷаҳон табодули назар хоҳанд кард», - гуфта мешавад дар иттилоъ.
Аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст. Дар иттилоъ зикр мегардад, ки ин вохӯрии дуюми сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов аз Тоҷикистон боздид намуда, пас аз анҷоми сафар изҳор дошта буд, ки муҳлати имзои созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомиии Русия «хеле наздик» буда, «ҳалли ниҳоии масъалаи мазкурро сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳанд кард».
Ёдрас мекунем, ки 5-уми октябр президенти Тоҷикистон 60-солагии худро ҷашн мегирад ва баъди 2 рӯз, яъне 7-уми октябр бошад, Владимир Путин низ ба синни 60-солагӣ мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста