Зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз афзоиши кӯшишҳои сиёҳсозии дини Ислом дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд.
«Тоҷикистон тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, ба мушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеона маҳкум менамоем», - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳодисаҳои охирини олам бори дигар нишон доданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ бе таҳкими нақши марказии СММ дар масъалаҳои байналмилалӣ ва бе таҳкими усули дастҷамъӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконпазир нест. «Бино бар ин, зарурати ислоҳоти оқилонаи Созмон равшан мегардад. Ислоҳоте, ки дар натиҷаи он Созмони Милали Муттаҳид тавонад, ба рӯйдодҳои ҷаҳон зуду шоиста вокуниш кунад ва бо таҳдидҳои сершумори ҷаҳони имрӯз ба таври муассир муқовимат намояд», - иброз дошт ӯ.
Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин қайд кард, ки кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳадаф аз онҳо таҳким намудани фаъолияти сулҳпарварона аст, сазовори пуштибонии ҳамаҷониба мебошанд. «Дар ин замина, боиси қаноати мост, ки Тоҷикистон дар амалиёти посдори сулҳи СММ иштирок намуда, дар ин соҳа саҳми назаррас гузошта истодааст», - баён кард Ҳ.Зарифӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста