Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ният дорад, ки ба муносибати таҷли иди касбии омӯзгорон як чорабинӣ доир намояд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор дошт, ки чорабинӣ рӯзи 6-уми октябр дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор шуда, беҳбуди ҳамкории мутақобилаи мактабу дин дар таълими насли наврас аз ҷумлаи ҳадафҳои он мебошад.
«Мо ҳама як ҳадаф дорем, ки он ҳам тарбияи насли навраси саводноку бомаърифат ва хушахлоқ аст», - зикр кард раиси ҲНИТ.
Ба гуфтаи ӯ ба чорабинӣ омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, намояндагони Вазорати маориф, мақомоти расмии динӣ ва волидайни толибилмон даъват шудаанд.
«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то чорабинӣ номзади арзанда, собиқадори бахши маорифро муайян намуда, ба ӯ аз номи ҳизб туҳфаи хотиравӣ тақдим кунем», - афзуд М.Кабирӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста