Миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 30 соли минбаъда созишнома ба имзо расид.
Дар зери созишномаи мазкур вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков имзо гузоштанд.
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, созишнома ба ивази созишномаи амалкунанда, ки муҳлати амалаш соли 2014 ба итмом мерасад, таҳия шудааст. «Созишномаи нав муддати 30 сол – то соли 2042 амал мекунад», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, шартҳои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ «қариб ройгонанд».
«Дар ин созишнома шароити ба таври кофӣ мусоиди пардохти иҷорапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҳузури пойгоҳи низомӣ қариб иҷорапулие пардохт намегардад, - гуфт Ушаков. – Албатта, пардохти маблағҳое ҳам пешбинӣ шудаанд, аммо мо ин пойгоҳро қариб дубора ройгон истифода хоҳем кард».
Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия ҳамчунин Меморандум дар бораи шартҳои ҳамкорӣ дар бахши низомӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишварро низ ба имзо расониданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста