Мушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Умед Бобоев имрӯз волидайни Ҳамза Икромзодаро, ки дар зиндон ба ҳалокат расид, ба ҳузур пазируфта, назорати ҷараёни таҳқиқи сабабҳои марги ӯро ваъда кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» хоҳари фавтида Дилхоҳ Икромзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, санаи 25-уми сентябр паддараш Файзалӣ Икромов ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, дархост намуд, ки ба таҳқикоти дақиқи сабабҳои марги писараш муосидат кунад. «Дар посух Эмомалӣ Раҳмон моро огоҳ кард, ки ӯ аз ин воқеа огоҳ буда, таҳқиқи ҳолатҳои марги бародарамро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст», - гуфт Дилхоҳ Икромзода.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки 6-уми октябр прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода онҳоро ба ҳузур пазируфта, ваъда додааст, ки гунаҳкорони марги Ҳамза Икромзодаро ошкор хоҳанд кард ва ба онҳо супориши президентро дар бораи таҳқиқоти мӯшикофонаи ин ҳодиса нишон додааст.
«Прокурори генералӣ ба мо гуфт, ки бино ба маълумоти пешакии ташхиси тиббӣ, Ҳамза бар асари ҷароҳатҳои расонидашуда фавтидааст. Ӯ ҳамчунин тасдиқҳои гӯё аз зарфҳои оби гарм дар бадани марҳум пайдо шудани осори сӯхтаро низ бепоя хонд», - афзуд Дилхоҳ Икромзода.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа дар Тоҷикистон муроҷиатномае ба номи президенти интишор намуда, дар он аз истифодаи шиканҷа дар муасисаҳои ислоҳӣ изҳори нигаронӣ намуд ва барои бартараф кардани шиканҷа дар кишвар андешидани як қатор тадбирҳои таъҷилиро пешниҳод кард.
Дар ҳамин ҳол, сардори муассисаи ислоҳии №1 ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Рустам Тоштемиров, ки маҳз дар ҳамин муассиса Ҳамза Икромзода ба ҳалокат расид, то ҳанӯз аз мансабаш сабукдӯш нагардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сарраёсати мазкур иттилоъ доданд, феълан ташхиси судиву тиббӣ идома дорад ва то замони исбот нагардидани ҳалокати Икромзода аз шиканҷа, Сарраёсати ӯро аз мансаб сабукдӯш карда наметавонад.
Қаблан сардори Сарраёсати мазкур Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзода ваъда дода буд, ки «сарфи назар аз ташхиси тиббии мақомоти прокуратура», Рустам Тоштемировро аз вазифа озод мекунад.
«Мо бидуни сабаб кормандонамонро аз вазифа озод карда наметавонем. Кормандони мо ҳам қариб маҳбусанд, зеро танҳо баъзан дар хонаҳояшон қарор доранд. Аз ин рӯ, то дастрас гардидани натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, мо ӯро аз мансаб сабукдӯш намекунем. Ташхисро на мо, балки мақомоти прокуратура доир месозад», - гуфт як манбаъ аз Сарраёсати мазкур.
Ин манбаъ афзуд, замоне, ки Икромзода ба ҳалокат расид, дар зиндон кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ низ ҳузур доштанд ва «онҳо низ чӣ гуна ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаро тасдиқ карда метавонанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста