Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо раиси зеркумитаи Конгресси ШМА оид ба умури Аврупо ва Авроосиё Дан Буртон мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот сафир ба ҳамсӯҳбаташ роҷеъ ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, низомию амниятӣ ва байнипарлумонӣ ибрози назар намуд.
Зимни мулоқот сафир зарурати таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз даромад ва дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо матраҳ кард.
Дан Буртон аз пазироии самимӣ зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, изҳори сипос карда, қайд намуд, ки омода аст аз Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлӯ ва мутақобилан судманд дубора боздид намояд. Ӯ Тоҷикистонро «кишвари муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки муколамаи созандаро ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд идома диҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста