Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ), ки имрӯз дар Озарбойҷон шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад варзид.
Сарвари давлат субҳи рӯзи якшанбе озими шаҳри Боку гардида, дар ин сафар ӯро мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт. Дар ин ҷо сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз маҷмааи саноатии корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти Jale ва осорхонаи Ҳайдар Алиев дидан кард.
Дар маҷмааи саноатии Jale Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи технологияи навтарини коркарди меваю сабзавот ва таҷрибаи соҳибкорони пешқадами хусусӣ аз наздик шинос шуда, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳои фоидабахш гуфтугӯи судманд анҷом дод.
Ин маҷмаа бо харҷи 50 миллион евро бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар ин ҷо асосан афшураи табиии меваю сабзавот омода ва бастубандӣ мешавад.
Дар коргоҳи дигари ин маҷмаа ба меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ технологияи навтарини нигаҳдории меваю сабзавот дар сардхонаҳо намоиш дода шуд. Чунонки зикр гардид, навъҳои гуногуни мева дар ҳарорати аз 0 то +5 дараҷа ба муҳлати то як сол беосеб нигаҳ дошта мешавад.
Дар Маркази Ҳайдар Алиев бошад, Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аксҳои собиқ президенти Озарбойҷон, пешвои умумиллии ин кишвар Ҳайдар Алиев боздид кард. Дар ин ҷо аксҳои ин шахсияти маъруфи таърихӣ аз овони кӯдакӣ то мактабхонию донишҷӯӣ ва фаъолияти ӯ дар идораҳои гуногуни собиқ давлати Шӯравӣ ва роҳбариаш дар Озарбойҷони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста