Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ фардо, рӯзи сешанбе, дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон назди омӯзгорону донишҷӯён ва коршиносону намояндагони ВАО суханронӣ хоҳад кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит хабар дод, дар маърӯзаи худ Муҳиддини Кабирӣ доир ба вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои рушди он ибрози назар хоҳад намуд. «Сафари раиси ҲНИТ ба ИМА бо даъвати Пажӯҳишгоҳи Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон сурат гирифта, то ахири ҳафтаи равон идома меёбад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди раиси ҲНИТ бо ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва вохӯриҳои ӯ бо донишҷӯёни тоҷики муқими ИМА ва намояндагони диаспораҳои тоҷик дар назар аст.
Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (The George Washington University, GWU) донишгоҳи таҳқиқотии хусусӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия аст. Донишгоҳ 9-уми феврали соли 1821 бо қарор Сенати ИМА таъсис дода шуда, яке аз бузургтарини мактабҳои олӣ дар пойтахти ИМА ба шумор меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста