Чанде қабл дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон Илҳом Абдурахмонов бо раиси шаҳри Истамбул Кадир Топбаш баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот раиси шаҳри Истамбул аз таърих ва дастовардҳои имрӯзаи Истамбул дар соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ёдовар шуда, пешравиҳои назаррасро дар соҳаҳои нақлиёт, туризм, экология, ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ таъкид сохт.
Консули генералӣ вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва андӯхтани таҷрибаи пешрафтаи ин шаҳри бузургро аз ҷониби мақомотҳои дахлдори шаҳру минтақахои мухталифи Тоҷикистон мувофиқи мақсад шуморид.
Ҳамзамон Консули генералӣ дар робита ба табодули таҷриба миёни шаҳри Истамбул ва шаҳри Душанбе дар соҳаҳои фарҳангу маориф, туризм, нақлиёт, инчунин андешидани чораҳои муассир оиди ҷалби соҳибкорон баҳри ҳамкориҳои муштарак ибрози андеша намуд.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои самараноки корӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, инчунин ташвиқи бештари сармоягузории ҷониби Туркия ба Тоҷикистон муштаракан амал хоҳанд намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста