Пагоҳ боздиди сафирони Бритониёи Кабир, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба анҷом мерасад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Ҷерами Робин Орд-Смит, Дорис Хертрампф ва Эдуард Ауэр бо мақсади шиносии наздик бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа пас аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ дар Бадахшон қарор доранд.
«Ғайр аз ин, дар ҷараёни сафар дипломатҳои аврупоӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ масоили амалисозии лоиҳаҳои нав дар Бадахшонро баррасӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ҳукууматдорон ба дипломатҳои хориҷӣ тавсия дода буданд, ки аз сафар ба Бадахшон муваққатан худдорӣ варзанд, вале нимаи моҳи октябр эъон гардид, ки акнун сафар ба ин минтақа бехатар аст.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон дар ВМКБ амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ оид ба нест кардани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар куштори сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон генерал А.Назаров даст доштанд, оғоз гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти мазкур 13 нафар кормандони макомоти қудратӣ ва 30 тан ҷангиёни ҷинояткор ҳалок шуда, боз 40 нафар ҷангиён боздошт гардиданд. Пас аз амалиёт ҷараёни таслими силоҳ оғоз гардида, аз аҳолӣ ба миқдори зиёд аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд.
Пас аз як моҳ, 22-юми август бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ кушта шуд. Айни замон ду нафар қумондонҳои саҳроӣ – Толиб Айёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров таҳти шарти тарк накардани маҳалли зист қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста