Зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки айни замон ҷавонон ва занони кишвар ҳарчи бештар ба ҲНИТ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, М.Кабирӣ дар суханронии худ ҳамчунин қайд кардааст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ 42 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 50 дарсади онро занон ташкил медиҳанд.
Раиси ҲНИТ ба донишҷӯёни мактаби олии маъруфи Амрико иттилоъ дод, ки зимни амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ пас аз қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров (21 июл) 70 нафар ба ҳалокат расида, пас аз он амалиёт фишор рӯи аъзои ҲНИТ шиддат ёфт ва то ҳанӯз идома дорад.
«М.Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши муътадилсози вазъро мебозад ва ин андешаи шахсии ӯ набуда, коршиносон низ бар ин назаранд, ки мегӯянд: ба туфайли фаъолияти қонунии ҲНИТ ҷавонони ба сиёсат таваҷҷуҳдошта на ба созмонҳои ифротгаро, балки маҳз ба ин ҳизб рӯ меоваранд», - гуфт манбаъ.
Дар ҷараёни сафар ба ИМА раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Маркази исломии шаҳри Ню-Йорк бо тоҷикони муқими ин шаҳр мулоқот анҷом медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста