Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» дар Санкт-Петербургро маҳкум намуда, изҳор медорад, ки ин амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни машғули кор дар кишвари иқомат мебошад.
Дар иттилои интишоргардидаи сафорат дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор барои пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ, яъне халалпазир кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегиранд, ба мақсад нахоҳанд расид, зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибфарҳанг ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ сурат мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт.
«Сафорат бар он аст, ки ин амалкарди ношоями дастандаркорон мавриди баррасии ҷиддии мақомоти дахлдори кишвари иқомат қарор гирифта, дар роҳи ҷилавгирӣ аз зуҳури чунин падидаҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд», - омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста