Субҳи имрӯз барномаи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия бо мулоқоту музокирот бо президенти ин кишвар Нийнистё Саули идома ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финландия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё Саули баррасӣ шуд.
Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табию нерӯи инсонии Тоҷикистон ва сармояву технологияҳои муосири Финландия заминаи хуб барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд аст.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои Тоҷикистону Финляндия номида шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки Тоҷикистону Финландия доир ба масоили зиёди амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолии ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам наздик дошта, дар ин самт ҳамгироии судманд ба роҳ мондаанд.
Баъди анҷоми музокироти расмӣ як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия баҳои баланд доданд.
Президенти Финландия Нийнистё Саули аз ҷумла изҳор дошт: «Финландия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои ин аз тамоми имкону захираҳои ду кишвар омодаем босамар истифода барем».
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи хоси Финландия дар умури сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо изхор дошт, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар ҳавасманд аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста