Имрӯз дар Душанбе вохӯрии ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори умум доир гардида, дар он доир ба ҳамкории СММ бо Тоҷикистон дар зарфи 20 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ибрози назар карда мешавад.
Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи СММ созмон дода мешавад, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии СММ дар Душанбе иттилоъ доданд, бо журналистон ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев ва дигар роҳбарони ниҳодҳои СММ дар ҷумҳурӣ суҳбат хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи СММ мавриди амал қарор гирифт. Аз ҳамон замон ин сана ҳамчун Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад.
Дар паёми соли ҷории худ ба ин муносибат Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зикр кардааст, ки соли 2015 – соли ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола наздик мешавад ва созмонро зарур аст, ки назди худ вазифаҳои бештар бузургмиқёсро гузорад.
Дабири кулли СММ изҳор доштааст, ки айни замон мо дар марҳилаи тағйироти аслӣ ва дигаргуниҳои амиқ зиндагӣ дорем ва афзоиши мушкилоте ба монанди таҳдид ба таъмини амният, нобаробарӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар ҳоли афзоиш аст.
«Дар бисёр самтҳо ба СММ муяссар шуд, ки ба пешравиҳои назаррас муваффақ гардад. Аз соли 2000-ум нишондиҳандаи сатҳи ниҳоии камбизоатӣ то нисф коҳиш ёфта, дар аксари кишварҳои дунё дигаргуниҳои демократӣ сурат мегиранд. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аломатҳои мусбати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд», - таъкид кардааст Пан Ги Мун дар паём.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста