Имрӯз зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз мебахшад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов хабар дод, субҳи имрӯз сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи корхонаи хусусии «Раҳимов» ширкат хоҳад варзид.

Дар ин корхона аз коғазкӯҳна коғази нав истеҳсол карда мешавад. Соли равон дар корхонаи мазкур 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, минбаъд шумори коргарон ба 200 нафар расонида мешавад. Маҳсулоти корхона асосан ба Русия, Туркия, Қазоқистон ва Фаронса содирот хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ҳамчунин имрӯз ба фаъолияти мактаби хусусии «Иршод» дар маркази маъмурии вилоят ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Дар ин муассисаи таълимӣ бори нахуст омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар мактаб ҳамчунин забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ низ омӯзонида шуда, пардохти маблағи моҳонаи омӯзиш дар ин муассисаи таълимӣ 300 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи рӯзи якшанбе Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави филиали Агроинвестбонк ва Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ дар шаҳри Истаравшан иштирок намуд.

Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум омад. Дар шаҳраки Консой Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии Апрелевка, ки бо сармоягузории муштараки ватанӣ ва хориҷӣ аз нав фаъолияти пурсамар ба роҳ мондааст, ташриф овард. Тавре зикр гардид, дар заминаи ин корхонаи дар гузашта овозадор бо сармоягузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати канадагии Далф ширкати муштараки истеҳсоли тиллою нуқра бунёд ёфтааст, ки дар он беш аз 850 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. 51% саҳмияҳои корхона аз они Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% аз ширкати Далфи Канада аст. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корхона солона 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра истеҳсол карда мешавад.

Барои тавсиа додани кор ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла вусъат додани корҳои геологӣ ва аз худ намудани қитъаҳои нави конҳои тиллою нуқра то соли 2015 бояд 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. То соли 2015, тибқи нақша бояд истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва нуқра ба 3 тонна расонда шавад. То он вақт шумораи коргарон ба 1200-1300 хоҳад расид. То ҳол барои ташкили хуби истеҳсолот 5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст ва то охири соли равон боз 5 миллиони дигар сарф мешавад.

Саҳми корхонаи Апрелевка дар ташаккули буҷети давлатӣ намоён аст, зеро танҳо дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи давлат 13 миллион сомонӣ андоз супоридааст. Ғайр аз ин барои ободонии шаҳраки кӯҳкорони Консой ҳар сол аз 800 ҳазор то 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Роҳбарияти корхона барои коргарон, ошхонаи зебо, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд намудааст. Тавре сӯҳбат бо коргарон маълум шуд, маоши онҳо аз 1200 то 2000 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона бо дастури Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки аз 1 ноябри соли равон маоши коргаронро 30% зиёд намояд.

Дар шаҳраки Консой бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари Тоҷик» ифтитоҳ ёфт. Ин корхона ҳам бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки Апрелевка аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.

Дар паҳлӯи корхонаи «Зари тоҷик», ҳамчунин як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 дӯзандаи маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни корӣ, низомӣ, хилъатҳои кормандони соҳаи тиб ва озмоишгоҳҳои илмию амалӣ, болопӯши ҷойхоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки дӯхти либоси мактаббачагонро низ ба роҳ монда, ин бозори сердаромадро ба даст дароранд. Сарвари давлат ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки маоши коргаронро аз 1 ноябри соли равон 20% зиёд намоянд.

Дар саҳни ҳавлии ин корхонаҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаи Апрелевка тӯйи арӯсии ду ҷуфт навҷавонони хуштолеъ ва хатнасури 15 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлатро пайваста дастгирӣ менамоянд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.