Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби нави муосир иштирок кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бино бо маблағи қариб 4 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети кишвар барои 640 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, биология ва технологияи ҳунаромӯзӣ мебошад.
Сарвари давлат зимни суханронӣ аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ, мардуми деҳаи Сангистон ва мактаббачагони онро бо ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат табрику таҳният гуфта, онро тӯҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид ва ба меъморону бинокорони мактаб арзи сипос кард.
Зимни маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух, ки дар охири ҷамъомад сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ доир ба вусъати бештари корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста