Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, донишмандони исломии олмониро, ки ба хотири табодули таҷрибаи таълими исломӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Олмон бо доираҳои исломии Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ итилоъ доданд, Петер Граф, профессори донишгоҳи Оснабрюк аз таҷрибаи 10-солаи гурӯҳи кории донишмандони олмонӣ дар мавриди таҳия ва амалӣ сохтани консепсия ва методологияи таълими исломӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Олмон сӯҳбат карда гуфт, ки дар аввал дар роҳандозии таълими исломӣ барои фарзандони мусалмони олмонӣ каме мушкилот ҷой дошт, вале вақте ки дар аввали асри XXI аз сӯйи давлат ақалияти мусалмонҳо ҳамчун қишри собити ин кишвар расман шинохта шуд, мушкилот аз байн рафт.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2001-2003 заҳмати гурӯҳи корӣ мавриди амал қарор гирифта, ҳатто дар донишгоҳҳо таълими фанни наве зери номи «Педагогикаи дини Ислом» дар радифи фанҳои дигар роҳандозӣ гардид.
Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки «мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, аз таҷрибаи шумо ҷомеъаи мусалмони кишвари мо ҳам баҳравар гардад ва Академияи исломии ҳизб тавонад дар ин самт бо шумо ҳамкорӣ намояд».
Сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Ҳертрапф низ ҳайати донишмандони олмониро ҳамроҳӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста