Президенти Шӯрои Кантонҳо (палатаи болоии парлумон)-и Швейтсария Ханс Алтер бори нахуст бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, нимаи аввали имрӯз дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад.
Нимаи дуюми рӯз Ханс Алтерро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳанд пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, пагоҳ вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар назар буда, Ханс Алтер ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон боздид мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 3-юми ноябр Ханс Алтер ҳамроҳи вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар маросими ифтитоҳи Маркази омӯзиши малакаҳои амалии тиббӣ дар Душанбе ширкат варзида, бо фаъолияти Маркази исломии Тоҷикистон шинос мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста