Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Конфедератсияи Швейтсария Стефан Нелленро бинобар ба итмом расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин вазъият дар минтақа бо назардошти хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон то соли 2014 табодули афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, сафир Стефан Неллен барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Швейтсария муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста