Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон»-ро, ки моҳи июли соли 1994 қабул шуда буд, таҳия ва ба палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони тасҳеҳот, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ дод, тағйироти таҳияшуда ба таъмини шаффофияти маъракаи интихоботи соли ояндаи президенти Тоҷикистон нигаронида шуда, таъмини иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии маҳалли фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро пешбинӣ мекунанд.
«Мувофиқи тағйирот, номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ бояд аз ҷониби ду фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи овоздиҳии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, номзадҳои аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбаришуда, ки дар интихоботи парлумонӣ ба дастрасии панҷ ё зиёда аз он фоизи овозҳо соҳиб шудаанд, бояд аз ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадӣ озод карда шаванд», - таъкид кард раиси ҲНИТ.
Ба қавли М.Кабирӣ, тибқи тағйирот, протоколҳои натиҷаҳои овоздиҳӣ бояд дар се нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовинони раис, котиб ва аъзои комиссияи интихоботӣ ба имзо расанд. «Як нусха аз он ба Комиссияи интихоботии ҳавзавии аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ таъиншуда фиристода шуда, нусхаи дигар дар ҷойи намоён барои шиносоии интихобкунандагон ва нозирон овехта шавад ва нусхаи сеюм то муҳлати муқарраршуда дар комиссияи интихоботии минтақавӣ нигоҳ дошта шавад», - иброз дошт вакил.
Муҳиддин Кабирӣ изҳори боварӣ намуд, ки вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз аҳзоби сиёсии дигар тағйироти аз ҷониби ҲНИТ пешниҳодшуда ба қонуни мазкурро дастгирӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста