Чанде қабл дар шаҳри Истанбул мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) Резанур Мерал баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, иқтидори обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва ташкили Анҷумани муштараки соҳибкорони тоҷику туркро, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Туркия ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.
Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, соли 1990 таъсис ёфтааст. Ба конфедератсияи мазкур 7 федератсияи соҳибкорон, 173 ассосиатсия, 43000 соҳибкор ва 120000 ширкат аъзо мебошанд. Мақсади асосии TUSKON мусоидат намудан барои шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони турк ва хориҷӣ мебошад. TUSKON дар шаҳри Москва, Брюссел, Пекин ва Вашингтон намояндагӣ дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста