Чанде қабл дар дар пресс-клуби байналмилалии «Брюссел-Аврупо»-и шаҳри Брюссел бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бахшида ба 20-солагии 16-умин иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон маросими муаррифии китоб таҳти унвони «Меъмори сулҳ» («The Architect of Peace») дар бораи нақши таърихии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои берунаи Белгия, роҳбарияти ҳайати дипломатии муқими Брюссел, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин кормандони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Китоби мазкур ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ дар Брюссел моҳи сентябри соли равон ба нашр расид.
Дар оғози маҳфил зимни сухани ифтитоҳӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев роҷеъ ба аҳамияти консептуалии китоб ҳам барои хонандаи тоҷик ва ҳам барои хонандаи хориҷӣ кӯтоҳ маълумот дод. Дар баробари ин, ӯ нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ, татбиқи ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ махсус таъкид намуд.
Сипас, Президенти ширкати иттилоотию машваратии Аврупо “Биг Медиа Груп” Тию Кейперс китоби номбурдаро муаррифӣ кард. Ӯ аз таассуроти хеш нисбати мӯҳтавои бойи китоб ва таҷрибаи хеле муҳими роҳбари давлати тоҷикон дар истиқрори сулҳу суботи пойдор ва барқарорсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар нақл намуд.
Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба шахсияти таърихии сарвари давлати тоҷикон, дастоварду саҳми Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон андешаронӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста