Чанде қабл дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ бо ширкати масъулини шӯъбаҳои иҷроия баргузор гардид.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни ҷаласа дар баробари масоили корӣ ва рӯзмараи фаъолият, вазъияти ахири Фаластин низ мавриди баррасии ҳозирин қарор гирифт.
Ҳуҷумҳои ҳавоӣ ва баҳрии низоми Исроил алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластинро ширкаткунандагони ҷаласа сахт маҳкум намуда, устуворӣ дар муқовимат ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худро ҳаққи қонунӣ ва машрӯъи фаластиён донистанд. Дар зимн аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ИМА ва бархе кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ аз низоми ҷинояткори Исроилро вазифаи худ қарор дода, ошкоро мехоҳанд бо зулму зурӣ ҳаққи мардуми фаластиниро нодида бигиранд. Дар ҳоле, ки аз ишғол шудани Фаластин беш аз 60 сол мегузараду миллионҳо фаластинӣ ҳанӯз ҳам дар ғурбат ва муҳоҷирати иҷборӣ ба сар мебаранд, кишварҳои ҳомии Исроил ин ҳамаро намехоҳанд ба назари эътибор бигиранд.
Дар ҷаласа таъкид бар он карда шуд, ки ин гуна иштибоҳоти сиёсӣ ва мавқеъгириҳои якҷонибаи кишварҳои абарқудрат метавонад дунёро ба қутбҳои ба ҳам зид ва мутанозиъ тақсим намояд, ки ба ҳам овардани он дар оянда хеле мушкил мегардад.
Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мо тоҷикон низ набояд дар чунин вазъияти бӯҳронӣ барои тамоми мусалмонон бетараф бошем, зеро ба ақидаи иштирокчиёни ҷаласа, ки он аз манобеъи динӣ ва таълимоти исломӣ об мехӯрад, мусалмон бародари мусалмон аст ва дар ғаму дарди ҳамдигар бо ҳам шариканд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
НДПТ20 ноябр, 2012 19:12
ХНИТ сахт ба кор шуру кард! ОББО, Аз арчаи солинави ба праблемахои Фаластин! Ахволи давлатхои гарб чимешудабошад? Агар, ХНИТ сахт чаласахои машварати худро гузаронад ?