Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду савдо, нақлиёт, истифодаи захоири обӣ, энергетика ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо атрофи густариши минбаъдаи онҳо табодули назар карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи аломатгузорӣ миёни марзҳои давлатии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба роҳандозии механизми мунтазам амалкунандаи ҳамкории мутақобила миёни вазоратҳо ибрози назар намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста