Дар шаҳри Лондон бо ибтикори Институти омӯзишҳои исломӣ ва арабии донишгоҳи Эгзетер таҳти унвони «Ислом дар Осиёи Марказӣ» конфронс баргузор гуардида, дар он раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, меҳварҳои асосии суханронӣ аз равандҳои муҳими ин минтақа дар иртибот бо дин, роҳҳои муқобала бо ифротгароӣ ва вазъи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон иборат буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ба Лондон инчунин дар Маркази таҳлилии «Chatham House» мулоқоти раиси ҲНИТ бо коршиносон ва дипломатҳои муқими Лондон баргузор гардидааст.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин Муҳиддин Кабириро муовини роҳбари Департаменти Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британия хонум Дайен Мак Келвей ва сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туула Юрелу ба ҳузур пазируфта, дар вохӯриҳо масоили марбут ба ҳамкории кишварҳо ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста