Имрӯз дар Душанбе миёни Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо созишномае ба имзо расид, ки мувофиқи он ИА баҳри дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон 16 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.
Дар зери созишнома Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссия оид ба Осиёи Марказӣ ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов имзо гузоштанд.
Пас аз маросими имзои созишнома намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷамъи рӯзноманигорон оид ба дидору гуфтушунидаш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар мулоқот бо президент маҷмӯи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамчунин вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, дастгирии ин давлат пас аз соли 2014 баррасӣ шуданд. К.Эштон зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз соли 2014 низ ба ҳузури худ дар Афғонистон идома доданист.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, «ИА аз мушкилоти бахши энергетикаи Тоҷикистон огоҳ буда, пешниҳод менамояд, ки ба ҷустуҷӯи навъҳои алтернативии электроэнергия таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад».
К.Эштон ҳамчунин ба масъалаи вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла манъи чанде аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард. «Нақши ҳуқуқшиносони ҷавону фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятие чун Ампаро ва Интернешнл Алерт барои рушди Тоҷикистон хеле пурқимату муҳим аст», - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки Иттиҳоди Аврупо аз он ифтихор дорад, ки тӯли 20 сол ба рушди Тоҷикистон 600 млн. евро маблағгузорӣ кардааст.
Кэтрин Эштон имрӯз ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот ороста, дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи башар баррасӣ мешаванд. Пас аз ин мулоқот ӯ ба Ӯзбекистон раҳсипор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста