Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 5-уми декабр дар пойтахт Туркманистон – шаҳри Ашқобод доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи ин чорабинӣ дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи Шӯро баррасии ҳудуди 20 лоиҳаи аснод ба нақша гирифта шудааст, ки ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои гуногун равона шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Туркманистон ба дӯши Белорус вогузор мегардад.