Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ идомаи сафари худ ба Аврупо дар ҳайати муштараки роҳбарони аҳзоб ва ҳаракатҳои исломии ҷаҳон барои мулоқот ва муколама бо намояндагони мақомоти аврупоӣ аз Норвегия боздид кард.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, 28- уми ноябр ҳайати муштарак бо вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Эспен Барт Эйде, муовини Раиси парлумони Норвегия Ахтар Чаудри ва аъзои комитети робитаҳои байналмиллалии парлумон мулоқот намуд.
Зимни мулоқотҳо вазъи олами Ислом дар маҷмӯъ ва ҳар минтақа дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ гашт. Аз ҷумла, вазъияти Осиёи Марказӣ ва равандҳои сиёсиву иқтисодии он яке аз меҳварҳои мулоқотҳо буд.
Вазири корҳои хориҷии Норвегия рағбати кишварашро барои ҳамкорӣ дар рушди барномаҳои гидроэнергетикӣ бо Точҷкистон изҳор намуд ва онро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсатҳои кишвараш дар Осиёи Марказӣ хонд.
«Раиси ҲНИТ ин мавқеъи кишвари Норвегияро созанда ва муносиб ба ниёзҳои мардуми Тоҷикистон хонда, онро барои рушди тамоми минтақа муҳим донист ва инчунин изҳор кард, ки дар Осиёи Марказӣ бояд ҳарчи зудтар ислоҳоти шомили сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат бигирад ва Аврупо ҳамкории бештареро бо кишварҳои минтақа дошта бошад», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста