Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардид.
Сарвари давлат дар толори маҷлисии мактаб дар назди мактаббачагону волидони онҳо ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таълиму тарбияи босифати насли навраси кишварро вазифаи муҳими тамоми аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, мактаббачагони ин деҳа бо истифода аз шароити хуби мактаби нав донишу малакаи худро беш аз пеш сайқал медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста