Субҳи имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздид намуда, бо муҳтавои даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбаташ шинос шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита гуфт, ӯ ба ваҷҳҳои мақомоти шаҳрдорӣ, ки тавассути додгоҳ ба узрпурсии расмӣ аз ҷониби ӯ ноил гардиданианд, розӣ нест. «Ман омодаам, ки ба сифати ҷавобгар дар доираи қонунгузории ҷории кишвар барои интиқодам дар назди суд ҷавоб гӯям», - иброз дошт ӯ.
Раиси ҲНИТ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз манфиатҳои ӯ ҳимоятгар Бузургмеҳр Ёров дифоъ хоҳад кард. Мурофиа оид ба баррасии даъвои шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ 11-уми декабр оғоз мегардад.
Ёдрас мекунем, қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки даъвои ҳукумати пойтахт нисбати Муҳиддин Кабирӣ дар доираи Кодекси граждании ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад.
Номбурда таъкид карда буд, ки дар даъвои худ ҳукумати Душанбе талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.
Қобили зикр аст, ки суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста