Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷиҳати бастани шабакаҳое аз қабили Фейсбук, Ютуб, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ (дафтари тоҷикии Radio Free Europe) ва дигар сомонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ менамояд.
Дар иттилои интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки қатъи назар аз он ки, баъзе аз сомонаҳои интернетии пештар масдудшуда акнун аз нав дастрас мебошанд, Иттиҳоди Аврупо бо ҳисси изтироб қайд менамояд, ки ин гуна монеаҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд рӯй медиҳанд, ки боиси ба миён омадани саволҳои ҷиддӣ оиди ҳолати озодии васоити ахбори умум мешаванд.
Дар идома гуфта мешавад, намояндагии ИА даъват ба мақомоти расмии Тоҷикистон дорад, то мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ озодии матбуот ва озодии баён риоя ва пешбарӣ карда шаванд.
«Намояндагии ИА боварӣ дорад, ки шабакаи интернет минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст, ки метавонанд назару фикри худро баён доранд, ва бинобар ин мақомоти расмии Точикистонро ба таъмини амали пурра ва бемамониати сомонаҳои мустақил даъват менамояд», - омаддаст дар фарҷоми иттилоия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста