Шаҳрвандони Русия бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ кишвари аз ҳама бештар ноустувор ва номуваффақ аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳамасолаи Маркази умумирусмиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВЦИОМ) маълумот дода шудааст.
Ба андешаи шаҳрвандони Русия, миёни кишварҳои узви ИДМ кишварҳои аз ҳама бештар устувору муваффақ Белорус ва Қазоқистон мебошанд, ки мутаносибан 45% ва 33%-и пурсидашудагон чунин ибрози назар кардаанд. Мақоми сеюмро Украина (19%) касб карда, дар идома Арманистон (7%), Озарбойҷон (6%), Гурҷистон (5%), Туркманистон (4%), Қирғизистону Молдова ва Ӯзбекистон 3 фоизӣ ва Тоҷикистон (1%) қарор доранд.
Тибқи ин назарсанҷӣ, кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ – Белорус (46%) ва Қазоқистон (38%) шарики боэътимодтарини Русия баҳогузорӣ шуда, дар пурсиши ин масъала Украина 17%, Арманистон – 5%, Қирғистону Озарбойҷон ҳар кадоме – 4%, Молдова, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳар кадоме 2 фоизӣ овоз гирифтаанд. Гурҷистон шарики беэътимодтарини Русия дониста шуда, ҳамагӣ 1%-и пурсидашудагон онро шарики боэътимод арзёбӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвадони Русия аз ҳама бештар ба президенти Белорус Александр Лукашенко (34%) ва сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев (31%) бовар доранд. Дар мақомҳои баъдӣ сарони кишварҳои Украина Виктор Янукович (12%), Озарбойҷон Илҳом Алиев (5%), Арманистон Серж Саргсян ва Қирғизистон Алмазбек Отамбоев (ҳар кадоме 3%), Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов (ҳар кадоме 2%) ҷойгир шудаанд. Рейтинги боварӣ ба сарони кишварҳои Молдова Николае Тимофтӣ ва Гурҷистон Михаил Саакашвили ҳамагӣ 1%-ро ташкил додааст.
Назарсанҷӣ рӯзҳои 24-25-уми ноябри соли равон дар 136 мҳаллаҳои аҳолинишин ва 46 вилоятҳои Русия доир гардида, дар он 1,6 ҳазор нафар иштирок кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста