Зимни суханронӣ дар XIX-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар пойтахти Ираландия шаҳри Дублин баргузор гардид, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки мушкилоти мавҷуда дар масоили захираҳои обиву энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ранги сиёсӣ гирифта, ба рушди ҳамкории минтақавӣ монеъаҳои ҷиддӣ эҷод месозанд.
«Ин мушкилот моҳиятан иқтисодӣ буда, танҳо ба туфайли кӯшишоти дастаҷамъии тамоми кишварҳои минтақа метавон дар ин самт ба комёбиҳои назаррас муваффақ шуд», - иброз дошт ӯ.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намуд, ки дар шароити камбуди шадиди нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва маҳрум будан аз захираҳои кофии нафту газ, Тоҷикистон ба сифати вазифаи афзалиятноки солҳои наздик бештар ба рушди гидроэнергетка таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
«Лоиҳаҳои миллии гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун» шаффофу кушода ва бо инобат гирифтани манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа сурат хоҳанд гирифт ва ташаббуси мо бобати даъвати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии лоиҳа гувоҳи ин гуфтаҳост», - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамрохон Зарифӣ аз САҲА даъват ба амал овард, ки ба муколамаи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати рафъи мушкилоту ихтилофот дар тамоми маҷмӯи масоили истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ мусоидат намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста