Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами мулоқоти хосма анҷом дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Паскал Лами, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳамаи соохторҳою шахсоне, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон иштироки фаъол доштанд арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт: “воридшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмил додани низоми тиҷорати озоду шаффоф мебошад”.
Ҷонибҳо аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо Созмони умумиҷаҳонии савдо дар рушду инкишофи минбаъдаи иқтисоди кишвар муҳиму муассир арзёбӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон узвият ба ин Созмони бонуфузро ҳамчун имконоти фарох барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум самаранок истифода мекунад”.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт: «мо умедворем, ки дар оянда низ Тоҷикистон аз машварату маслиҳатҳои пайвастаи Котиботи Созмон истифода намуда, аз дастгирии пайвастаи он дар ин самти басо муҳим баҳравар мегардад.
Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами сарвари давлати Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфта, воридшавӣ ба ин созмонро барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ номид ва изҳор дошт, ки мо омодаем дар дигар соҳаҳо низ ба Тоҷикистон кумак ва мусоидат намоем. Паскал Лами иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо нишонаи тавваҷҷуҳи хосаи ӯ ба ин раванд ва ба таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод кард.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста