Моҳи апрели соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд.
Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҳизб, таҷлили он бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт.
«Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид», - гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.
ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд.
Феълан беш аз 40 ҳазор нафар аъзои ҲНИТ буда, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста