Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад, ба муносибати фаро расидани Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон ба унвони сарвари ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия таъкид мешавад, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакат ва халқҳои ду кишварро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳад намуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама дар робита ба дар мактаби Сендихуки иёлоти Коннектикут аз дасти як ҷинояткори нохалаф ба ҳалокат расидани бисту ҳафт нафар мактаббачагон барқияи таъзия ирсол кард.
«Ин хабари мудҳиш бори дигар собит сохт, ки тамоми аҳли башар бояд дастиҳам гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон, ки зимни он ҳуқуқ ба ҳаёт аз муҳимтарин рукнҳои он аст, муборизаи беамон барад», - зикр мегардад дар барқия.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста