Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия бо имзои як бастаи асноди дуҷониба оид ба тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар шаҳри Анқара анҷом пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқоти хосса сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, мӯҳтавои муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ду ҷониб судбахш изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илму техника ва ҷалби сармоя баррасӣ шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду давлат 9 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Туркия; Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизион ва радиои Туркия; Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва чорводории Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш; Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати маъданҳои кӯҳӣ; Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Туркия;

Барномаи табодули фарҳангӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2013 ва 2014 ва Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия иборатанд.

Дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат хотиррасон мешавад, ки то ин вақт заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Туркия иборат аз 50 санад буда, тайи ин сафар дар маҷмӯъ боз 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз натиҷаҳои умедбахши ин боздид гувоҳӣ медиҳанд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.