Ӯзбекистон узвият ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро расман мутаваққиф сохт.
Ба гуфтаи президенти Белорус Александр Лукашенко, кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки «зимни узвият ба созмон, аз ҷумла ба ин кишвар низ дигар сабукиҳо нахоҳад буд».
«Мо дархости онҳоро қонеъ намуда, узвияти Ӯзбекистонро мутаваққиф намудем», - изҳор кард Лукашенко дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав.
Ахири моҳи июни соли равон Ӯзбекистон аз Котиботи СААД дархост кард, ки узвияташ дар созмон боздошта шавад. Ӯзбекистон қаблан низ аз СААД хориҷ шуда буд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз тамдиди шартнома даст кашида, вале соли 2006 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳояш бо кишварҳои ғарбӣ узвияти худро барқарор намуда буд.
Акнун кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД боқӣ мемонад. СААД дар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии санаи 15-уми майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «то ҳанӯз аз созишномаву барнома ва дигар асноди дар доираи амнияти дастаҷамъӣ оид ба ҳамкории муштарак баимзорасида ҳеҷ самарае ҳосил нашудааст».
Хабаргузории БЕЛТА менависад, сарони кишварҳои узви СААД дар бораи таъсиси нерӯҳои дастаҷамъии созмон қарор қабул намуданд, ки ба ҳайати он тамоми сохторҳои низомии қаблан таъсисёфта дар назди СААД шомил хоҳанд гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста