Чанде қабл дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид.
Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, зимни суҳабт М.Кабирӣ зикр кард, ки аксари сиёсатмадорони Ғарб зимни арзёбии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм бархӯрди дугона доранд.
Раиси ҲНИТ бо ишора ба фоҷиае, ки дар натиҷаи ҳамлаи нафаре ба кӯдакони мактабе дар Амрико бачаҳои бегуноҳ кушта шуданд, таъкид кард, ки чунин ҳамлаҳо чандин бор дар Амрико ва Ғарб сурат мегирад, аммо касе онҳоро террорист намегӯяд, балки онҳоро бемор муаррифӣ мекунанд.
«Аммо вақте як бемори равонӣ дар Покистон танҳо як духтараки мактабхонро маҷруҳ кард, тамоми васоити ахбори омма ин хабарро амали террористи исломӣ эълон ва чунин вонамуд карданд, ки Ислом зидди илму мактаб аст. Дар ҳоле, ки мо ин амали ифротиро маҳкум мекунем ва Ислом ҳам чунин амалро қабул надорад», - гуфт ӯ.
Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ашт Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти раҳбарии ноҳия низ мулоқот ороста, аз мактаб-интернати маҳаллӣ боздид намуд. Имрӯз дар Хуҷанд вохӯрии раҳбари ҲНИТ бо ҷавонон ва аҳли зиё баргузор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста