Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои муштаракаи байнипарлумонӣ таъсис медиҳанд. Дар ин бора бо такя ба гуфтаҳои вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи «Ҷумҳурӣ» (Республика) Назаралӣ Орифов нашрияи «Вечерний Бишкек» иттилоъ медиҳад.
Номбурда изҳор кардааст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон хуб буда, Тоҷикистон ягона кишварест, ки пас аз инқилоб дар Қирғизистон марзҳояшро набаста буд. «Шӯрои байнипарлумонӣ ба пешравиҳо дар масъалаи аломатгузорӣ дар марз, таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳо мусоидат намуда, ба корҳои тадорукотии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ машғул хоҳад шуд», - гуфтааст вай.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон созмон додани вохӯрии аъзои Шӯро дар назар аст.
Бино ба маълумоти вакили парлумони Қирғизистон Жусупалӣ Исоев, миёни кишварҳо дар бораи сохтмони роҳ тавассути марз миёни деҳаҳои Кулунду ва Максат дар ноҳияи Лайлак созишнома ба имзо расидааст.
Бо такя ба маълумоти хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон ОИ КирТаг иттилоъ медиҳад, ки санаи 20-уми декабр вохӯрии Гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон барпо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масоили аломатгузорӣ дар марз миёни кишварҳо, транзити маҳсулот тавассути қаламрави давлатҳо, мақоми гузаргоҳи марзии «Қарамиқ», анҷоми корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол-Қарамиқ-Саритош», «Уш-Ботканд-Исфана», «Исфана-Сулукту» ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шудаанд.
Аъзои ҳайати парлумонии ҷонибҳо ҳамчунин табодули таҷриба оид ба масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро таъкид намуданд, зеро Қирғизистон аз соли 1998 узви ин созмон аст.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси МН МО ҶТ Мирганд Шаҳбозов ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми Гурӯҳҳои байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо ба Қирғизистон сафар кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста